ИШТИРОК ДАР ҶАЛАСАИ ГУРӮҲИ КОРИИ БАЙНИИДОРАВӢ

19 майи соли 2026 дар бинои дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи якуми гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба татбиқи Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсияи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар марҳилаи дуюм (солҳои 2026-2030) баргузор гардид.
Дар рафти кори он Муовини якуми Раиси Суди Олӣ муҳтарам Лутфуллозода Шавкат ва судяи Суди Олӣ муҳтарам Ҳафиззода Тимур иштирок намуданд.

WhatsApp Image 2026-05-19 at 21.47.37 (1).jpeg
Дар чорабинӣ масъалаҳои марбут ба ҳолати иҷрои ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ дар самти муқовимат ба коррупсия, мушкилоти ҷойдошта ва роҳҳои беҳтар кардани ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. 

WhatsApp Image 2026-05-19 at 21.47.37 (2).jpeg
Мавриди таваҷҷуҳ мебошад, ки вазифаи асосии гуруҳи корӣ аз густариши ҳамоҳангӣ ва робитаи устувори байниидоравӣ дар самти татбиқи барномаи давлатӣ, таҳлили вазъи воқеии иҷрои бандҳои Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегия, бартараф намудани ихтилофоти оморӣ, роҳ надодан ба камбудиҳо ва бартараф намудани сабабу шароитҳое, ки ба раванди таъмини самараноки сиёсати зиддикоррупсионии Ҳукумати малакат таъсири манфӣ мерасонанд, ба ҳисоб меравад.


Бозгашт ба рӯйхат