МУҲОКИМАИ АНГОРА ВА ТАЛАБОТИ ТЕХНИКИИ НИЗОМИ ИТТИЛООТИИ МУРОФИАИ СУДӢ

Имрӯз, 20 майи соли 2026, дар бинои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии корӣ бо иштироки намояндагони Суди Олӣ, Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ва намояндаи ҶДММ «БИТ» баргузор гардид.

WhatsApp Image 2026-05-21 at 09.42.58.jpeg WhatsApp Image 2026-05-21 at 09.42.58 (1).jpeg

Дар вохӯрии мазкур аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбари гурӯҳи корӣ — судяи Суди Олӣ муҳтарам Аланазарзода Ш., ёрдамчии Раиси Суди Олӣ Орзумуродов Ҳ.Ҷ. ва сармутахассиси шуъбаи иттилоотӣ Ҷабборов Д. иштирок намуданд.

Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба талаботи техникии низоми иттилоотии мурофиаи судӣ мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд. Иштирокдорон вобаста ба ҷорӣ намудани технологияҳои муосири рақамӣ дар фаъолияти ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани сатҳи шаффофият ва самаранокии баррасии парвандаҳо, инчунин таъмини дастрасии бештари шаҳрвандон ба адолати судӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо идомаи фаъолияти муштарак ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва тезонидани раванди лоиҳаи мазкур омодагии имиқ изҳор намуданд.


Бозгашт ба рӯйхат