САБТИ БАРНОМАИ ТЕЛЕВИЗИОНИИ “МУРОФИА”

Санаи 21 майи соли 2026 дар маҷлисгоҳи суди вилояти Суғд бо мақсади амалигардонии “Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” сабти барномаи телевизионии “Мурофиа” роҳандозӣ гардид.

Барномаи телевизионии мазкур доир ба мавзуҳои “Дар суди марҳилаи якум баррасӣ намудани парвандаи маданӣ таҳти раискунанда Аслонзода Сорбон судяи суди ш. Хуҷанд сурат гирифтанд.

WhatsApp Image 2026-05-21 at 08.37.19.jpeg WhatsApp Image 2026-05-21 at 08.37.21.jpeg WhatsApp Image 2026-05-21 at 08.37.22.jpeg

Инчунин, оид ба баррасии парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 177 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои бадқасдона саркашӣ намудани падару модар аз таъминоти фарзандон пешбинӣ менамояд, аз ҷониби раискунанда Раҳмониён Ҷаҳонгир Ғайраталӣ судяи суди шаҳри Бӯстон мурофиаи судӣ баргузор карда шуд.

WhatsApp Image 2026-05-21 at 11.18.09.jpeg WhatsApp Image 2026-05-21 at 11.18.23.jpeg

WhatsApp Image 2026-05-21 at 11.18.24 (1).jpeg WhatsApp Image 2026-05-21 at 11.18.24.jpeg

Бояд зикр намуд, оид ба баррасии парвандаи бо моддаи 237 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои авбошие, ки бо истифодаи силоҳ ё предмети ба сифати силоҳ истифодашаванда муқаррар менамояд, таҳти раискунанда Раҷабализода Беҳруз Раҷабалӣ судяи суди шаҳри Конибодом сабт гардид.

WhatsApp Image 2026-05-21 at 13.48.06.jpeg WhatsApp Image 2026-05-21 at 13.48.07.jpeg WhatsApp Image 2026-05-21 at 13.48.07 (1).jpeg

Суди Олӣ ва судҳои ҷумҳурӣ ба таври доимӣ чорабиниҳои гуногуни ҳуқуқиро дар байни аҳолӣ ба роҳ монда, судяҳо тавассути воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла садову симо, рӯзномаву маҷаллаҳо ва шабакаи Интернет ба маълумоти аҳолии кишвар доир ба санадҳои судию масъалаҳои рӯзмараи ҷомеа ахборот дода, маводи ҳуқуқӣ нашр мекунанд. Мақсад аз сабт ва намоиш додани чунин мурофиаҳо барои баланд бардоштани маърифатии ҳуқуқии шаҳрвандони кишвар манфиатбахш мебошад.

Барномаи телевизионии “Мурофиа”-ро метавонед дар саҳифаи расмии Суди Олӣ дар YouTube тамошо намоед.

 


Бозгашт ба рӯйхат