21 майи соли 2026 дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ таҳти унвони «Масоили мубрами назария, қонунгузорӣ ва амалияи муқовимат ба ҷинояткорӣ дар замони муосир», бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинӣ судяи Суди Олӣ Шарифзода Иноятулло Шарифҷон, роҳбарону намояндагони мақомоти давлатӣ, олимон ва коршиносони соҳаи ҳуқуқ аз Тоҷикистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Қазоқистон иштирок намуданд.
Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро зимни сухани ифтитоҳӣ таъкид намуд, ки дар шароити рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ таҳдидҳои нави ҷинояткорӣ ба миён омада, тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ ва мубодилаи таҷриба дар самти муқовимат ба терроризм, экстремизм, савдои одамон ва киберҷинояткорӣ аҳаммияти муҳим дорад.
Дар ҷараёни конференсия иштирокчиён оид ба масъалаҳои назария ва амалияи муқовимат ба ҷинояткорӣ, такмили қонунгузорӣ ва татбиқи меъёрҳои байналмилалӣ маърӯза намуданд.
Конференсия дар фазои ҳамкории илмӣ баргузор гардида, барои таҳкими робитаҳои касбӣ ва мубодилаи таҷрибаи байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам овард.



.jpg)





.jpg)

.jpg)

.jpg)
