ИШТИРОК ДАР ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ

29 май дар Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон Форуми байналмилалии илмӣ таҳти унвони «Забон, илм, ҷомеа: назарияҳои замони муосир» дар шакли гибридӣ баргузор шуд. Чорабинӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Донишгоҳ бахшида гардид.

IMG-20260530-WA0003.jpg
Дар кори форум судяи Суди Олӣ  муҳтарам Раҳмонзода Икром  дар қатори  олимон, муҳаққиқон ва намояндагони мақомоти давлатӣ иштирок намуда, масъалаҳои мубрами забоншиносӣ, илмҳои гуманитарӣ, ҳуқуқшиносӣ ва илмҳои табииро муколама карданд. Дар доираи форум ҷаласаи пленарӣ, мизи мудаввар ва майдонҳои мубоҳисавӣ оид ба сотсиолингвистика, бисёрзабонӣ, таҳқиқоти байнисоҳавӣ ва рушди илмҳои дақиқ баргузор шуданд.

IMG-20260530-WA0002.jpg
Дар анҷоми форум иштирокчиён натиҷаҳои муҳокимаҳоро ҷамъбаст намуда, зарурати густариши ҳамкориҳои илмӣ ва рушди таҳқиқоти байнисоҳавиро таъкид карданд. Аз рӯйи натиҷаҳои форум нашри маҷмуаи мақолаҳои илмӣ дар назар аст.



Бозгашт ба рӯйхат