2 июни соли 2026 дар МТМУ №120-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо сокинони Ҷамоати Сарикиштӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ судяҳои Суди Олӣ Назарзода Даврон Қувват, Ёқубзода Абдураҳмон Холдор ва судяҳо суди ноҳияи Фирдавсӣ иштирок намуда, масъалаҳои пешгирии терроризм ва экстремизм, содиршавии ҷиноятҳо аз ҷониби ноболиғон, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон, риояи талаботи қонунгузорӣ дар самти танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, таҳкими Ваҳдати миллӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ба иштирокчиён вобаста ба мавзӯъҳои матраҳшуда тавзеҳоти зарурӣ дода шуда, ба саволҳои онҳо посух пешниҳод гардид.



.jpg)





.jpg)

.jpg)

.jpg)
