ВОХӮРИҲОИ СУДМАНДИ КОРМАНДОНИ КОЛЛЕГИЯИ ҲАРБИИ СУДИ ОЛӢ БО ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ БАРГУЗОР ГАРДИДАНД

2 июни соли 2026 дар доираи амалигардонии нақшаҳои кории Суди Олӣ ва коллегияи ҳарбӣ, бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ, аз ҷониби судяи коллегияи ҳарбии Суди Олӣ полковники адлия Мирзозода М.Ҳ., кормандони коллегияи ҳарбии Суди Олӣ подполковники адлия Тоирзода М.А. ва Ҳомидзода В.Б. дар Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳ, қисми ҳарбии 02615-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва комиссариатҳои ҳарбии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он вохӯриҳои судманд баргузор гардиданд.

Зимни вохӯриҳо маърӯзачиён оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 16 декабри соли 2025 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», тарғибу ташвиқи меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои амалкунанда, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» суханронӣ намуданд.

WhatsApp Image 2026-06-03 at 10.16.29 (1).jpeg WhatsApp Image 2026-06-03 at 10.16.29 (2).jpeg

Ҳамчунин, масъалаҳои муҳими вобаста ба таҳкими амният ва мудофиаи давлат, риояи талаботи оинномаҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, баланд бардоштани омодабошии ҳарбӣ, нигоҳдории дурусти силоҳ, таҳкими интизоми ҳарбӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар баромадҳои худ кормандони коллегияи ҳарбии Суди Олӣ инчунин ба аҳамияти татбиқи «Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ва «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар марҳилаи дуюм (солҳои 2026–2030)» таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, оид ба нақши хизматчиёни ҳарбӣ дар амалисозии ҳадафҳои ин санадҳои муҳими давлатӣ ибрози назар карданд.

Дар фарҷоми вохӯриҳо байни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, ба саволҳои пешниҳодшуда ҷавобҳои мушаххас ва муфассал дода шуданд.


Бозгашт ба рӯйхат