ИШТИРОКИ НАМОЯНДАГОНИ СУДИ ОЛӢ ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Санаи 3 июни соли 2026 намояндагони Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар конфронси байналмилалӣ бо тариқи маҷозӣ, ки аз тарафи Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ташкил шудааст иштирок намуда, лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо оид ба баргузории Соли маърифати ҳуқуқӣ дар фазои ИДМ дар соли 2027-ро баррасӣ намуданд.

IMG_4192.JPG

Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор пешниҳодҳоро оид ба баргузории конфронсҳои байналмилалӣ, форумҳои соҳавӣ ва татбиқи лоиҳаҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон пешниҳод намуданд.

Татбиқи чорабиниҳои пешбинишуда ба рушди фарҳанги ҳуқуқӣ, таҳкими эътимоди ҷомеа ба ҳокимияти судӣ ва густариши ҳамкориҳои ҳуқуқии давлатҳои иштирокдори ИДМ мусоидат хоҳад кард.


Бозгашт ба рӯйхат