МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ

Имрӯз, 5 ноябри соли 2021 дар толори маҷлисгоҳи Суди Олӣ ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Ҷамъомадро бо сухани ифтитоҳӣ Раиси Суди Олӣ муҳтарам Шермуҳаммад Шоҳиён оғоз карда, қайд намуданд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навини кишвар санади воқеан таърихӣ ва тақдирсози миллат буда, он Истиқлолияти давлатии кишварро дар сатҳи қонуни асосӣ таҳким бахшида, асосҳои сиёсию ҳуқуқӣ ва самтҳои пешрафти ояндаи онро мутобиқи меъёрҳои эътирофшудаи муосир муқаррар кард.
Конститутсия, ки дар марҳилаи басо мураккаби сиёсии рӯзҳои аввали ташаккули давлати мустақил қабул гардид, бузургтарин дастоварди даврони соҳибистиқлолии мамлакат маҳсуб ёфта, аҳамияти муҳими таърихии он маҳз дар таъмини сулҳу субот ва ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ дар ҷумҳурӣ мебошад.IMG_9886.JPG
Конститутсия барои таъсис ва рушди низоми ҳуқуқии мамлакат, сохтору мақомоти давлатӣ ва дар меҳвари фаъолияти онҳо қарор додани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ, манфиатҳои давлат ва шаҳрвандон, инчунин, бунёди ҷомеаи адолатпарвар асос гузошта, кафолати таъмини озодӣ, адолати иҷтимоӣ ва баробарҳуқуқии ҷомеаи навини Тоҷикистон гардид.
Дар идомаи маҷлиси тантанавӣ судяҳои Суди Олӣ низ бо маърӯзаҳо баромад карда, аз ҷумла қайд намуданд, ки таҳияи Конститутсия бо ҷалби неруҳои ақлонӣ, бо назардошти манфиатҳои олии миллату анъанаҳои пурғановати таърихиву фарҳангии миллати тоҷик дар самти бунёди ҷомеаи демократӣ сурат гирифта, халқи Тоҷикистон бо баробари қабули Конститутсия роҳи нави инкишофи худро интихоб намуд, ки ин давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад.
IMG_9915.JPGБарпо намудани чунин давлат эҳтирому риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ваҳдат, таъмини амният ва суботи устувори ҷомеа, фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи ҳар як шаҳрвандро тақозо менамояд.
Миллати тоҷик бо қабули ин ҳуҷҷати тақдирсоз худро қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта, садоқатмандии хешро ба арзишҳои ҳуқуқи башар эълон намуда, бори дигар исбот кард, ки ҳеҷ гуна душворию мушкилот, аз ҷумла ҷанги даҳшатбори ба сари мардуми Тоҷикистон таҳмилшуда наметавонад сокинони сулҳдӯсту созандаи кишвари моро аз роҳи ҳақиқату ростӣ, бунёди давлати муосири миллӣ ва фаъолияти бунёдкорона берун созанд.
Қабули Конститутсия арзишмандтарин дастоварди мардум ва давлати тоҷикон дар охири асри гузашта ба шумор рафта, натиҷаи мантиқии талошҳои ҷомеаи адолатпарвар дар роҳи расидан ба марҳилаи тозаи рушду инкишофи хеш ва муаррифии кишвари мо ба оламиён мебошад.
Аз ин рӯ, ин санади олии ҳуқуқӣ, воқеан, боиси ифтихор ва сарфарозии ҳар як шаҳрванди ватандӯсти мамлакат ва дастоварди даврони истиқлол шуморида мешавад.
Конститутсия таъмини истиқлоли миллӣ ва якпорчагии кишварро кафолат дода, халқи Тоҷикистонро сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намудааст.
Дар асоси меъёрҳои конститутсионӣ кафолати таъмини амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳифзи онҳо меҳвари асосии сиёсати давлат эътироф гардида, дар Тоҷикистон заминаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ташаккул ёфтанд, ки ин шаҳодати амалишавии ҳамаҷонибаи принсипи гуногунандешии сиёсӣ ба шумор меравад.
Дар заминаи татбиқи бомароми меъёрҳои конститутсионӣ дар кишвари мо волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, инчунин ифтихори милливу худшиносӣ ба сатҳи арзиши ҳамешагии ҷомеа бардошта шуд.
Бо гузашти солҳо мо аҳамияти таърихии ин ҳуҷҷати муқаддасу сарнавиштсозро бештар дарк ва қадр намуда, шоҳиди онем, ки дар заминаи ин санади муҳим давлати соҳибистиқлоли мо дар тӯли беш аз ду даҳсолаи охир то ба зинаи давлатдории муосири ҷавобгӯ ба мақсаду мароми халқи соҳибфарҳанги тоҷик расид.IMG_9872.JPG
Мо дар даврони истиқлол, бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд бо шарофати эҳтиром ва амалишавии меъёрҳои Конститутсия тавонистем ҷомеае бунёд намоем, ки дар он фазои озоду демократӣ ҳукмфармо ва суботи сиёсиву ваҳдати миллӣ, пешрафти бемайлон ва пойдориву бардавомиии имрӯзу ояндаи давлату миллат таъмин гардидааст.
Бо боварии комил метавон гуфт, ки минбаъд низ иродаи шикастнопазири халқамон моро дар роҳи расидан ба ҳадафи созандаи стратегӣ раҳнамун сохта, меҳру муҳаббати ҳар як сокини мамлакатро ба ин санаи тақдирсоз ва тавассути он ба Ватану ватандорӣ, худшиносии миллӣ боз ҳам тақвият мебахшад.
Итминони комил дорем, ки бо шарофати Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – бахтномаи миллатамон рӯзгори халқи кишварамон баракати хушу осудатар ёфта, пояҳои давлатдорӣ ва мақому эътибори кишварамон дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам побарҷову мустаҳкамтар мегардад.
Дар интиҳои маҷлиси тантанавӣ Раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён иштироккунандагонро бори дигар бо фарорасии Ҷашни муқаддаси миллиамон шодбош гуфта, кори маҷлисро хотима бахшиданд.


Бахши иттилооти Суди Олӣ


Возврат к списку


СОМОНАҲОИ МУФИД