МАҶЛИСИ ПЛЕНУМИ СУДИ ОЛӢ

Рӯзи 12 ноябри соли 2021 маҷлиси навбатии Пленуми Суди Олӣ баргузор гардид. Дар кори он аъзои Пленум ва Шӯрои илмию машваратӣ иштирок намуданд.
Дар оғози маҷлис Раиси Пленум, Раиси Суди Олӣ муҳтарам Ш.Шоҳиён ҳозиринро бо рӯзномаи маҷлис шинос намуданд.
Тибқи рӯзнома ба баррасии Пленуми Суди Олӣ лоиҳаи қарор «Дар бораи аз ҷониби судҳо татбиқ намудани меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат ҳангоми баррасии баҳсҳои меҳнатии фардӣ» пешниҳод гардид.
IMG_9976.JPGҚайд карда шуд, ки лоиҳаи қарори мазкур аз ҷониби гурӯҳи корӣ бо дарназардошти қабули Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав ва натиҷаи омӯзиши таҷрибаи судӣ оид ба баррасии парвандаҳо вобаста ба баҳсҳои меҳнатӣ, бо мақсади роҳандозӣ намудани таҷрибаи якхелаи татбиқи қонунгузории меҳнат омода гардид. Бояд зикр кард, ки лоиҳаи мазкур барои омӯзиш ба аъзои Шӯрои илмию машваратӣ, Прокуратураи генералӣ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Вазорати адлия ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ирсол гардида, бо мақсади такмил додани он аз мақомоти зикршуда таклифу пешниҳодоти мушаххас ворид гардидаст.
Бо шунидани фикру мулоҳизаҳои аъзои Пленум қарори мазкур қабул карда шуд.
Ҳамчунин, ба баррасии Пленум лоиҳаи қарор «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, №6 аз 29 сентябри соли 2014 «Дар бораи ошкоро будани муҳокимаи судӣ ва ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо» пешниҳод карда шуд.
Зикр гардид, ки тибқи банди 7 Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо» қабул гардид. Қонуни мазкур барои дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо аҳамияти муҳим дошта, барои дастрасии ҷомеа ба фаъолияти судҳо кафолати конститутсионии муҳокимаи одилонаи судӣ ҳамчун яке аз воситаҳои таҳкими боварии ҷомеа нисбат ба ҳокимияти судӣ маҳсуб меёбад.IMG_9981.JPG
Аз ҷониби Суди Олӣ лоиҳаи қарори мазкур низ барои омӯзиш ва пешниҳоди фикру дархостҳо ба аъзои Шӯрои илмию машваратӣ ва дигар мақомот ирсол шуда, таклифҳои воридгардида ба инобат гирифта, лоиҳа такмил дода шуд.
Қарори мазкур низ баъди шунидани таклифу пешниҳодоти ҳозирин аз ҷониби аъзои Пленум қабул карда шуд.
Ҳамчунин дар Пленум масълаҳои ташкилӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ба ҳайати Раёсат ва коллегияҳои Суди Олӣ тағйирот ворид карда шуданд.

Бахши иттилооти Суди Олӣ


Бозгашт ба рӯйхат