МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Имрӯз, 16 ноябри соли 2021 дар Суди Олӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Ҷамъомадро Раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён ҳусни оғоз бахшида, доир ба нақши институти президентӣ дар таҳкими давлатдории миллӣ, хизматҳои таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, муттаҳидию сарҷамъии миллати тоҷик ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд қайд намуданд.
IMG_0158.JPGАз ҷумла зикр карда шуд, ки мардуми кишвар заҳматҳои таърихии Президенти мамлакатро, ки бо оқилию дурандешӣ, қаҳрамонию шуҷоатмандӣ ва хирадмандию суботкорӣ барояшон зиндагии осоиштаро фароҳам сохтаанд, қадр намуда, аз ин шахсияти барҷастаи таърихӣ ҳаматарафа пуштибонӣ менамоянд.
Дар идомаи чорабинӣ ҳамчунин судяҳои Суди Олӣ бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад намуда, доир ба мавзӯъҳои «Нақши институти президентӣ дар рушду таҳкими давлатдории миллӣ», «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмину рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва тақвияти корҳои ободониву бунёдкорӣ дар кишвар» ва «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушду таҳкими ҳокимияти судӣ» суханронӣ намуданд.
Қайд гардид, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи 16 ноябр ҳамасола Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.IMG_0181.JPG
Мақсад аз рӯзи ид муайян кардани санаи мазкур дар он ифода меёбад, ки ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии президентӣ оғоз ёфтаст.
Мутобиқи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили Истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдории бардавоми давлат ва мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Конститутсия самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро муайян намуда, Тоҷикистонро дар дохили кишвар ва дар муносибатҳои байналмилалӣ намояндагӣ менамояд.
Ҳамчунин, тибқи дастури роҳбарияти Суди Олӣ чунин чорабиниҳои тантанавӣ дар судҳои вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва судҳои ҳарбии гарнизонҳо низ доир карда шуданд.


Бахши иттилооти Суди Олӣ


Бозгашт ба рӯйхат