МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ

Имрӯз, 24 ноябри соли 2021 дар Суди Олӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Ҷамъомадро Раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён ифтитоҳ карда, қайд намуданд, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 24 ноябр ҳамасола Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.

Қайд гардид, ки Парчами давлатӣ рамзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ аз рамзҳои давлатӣ маҳсуб меёбад.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи соҳибистиқлолии Ватан ва дӯстиву баробарии ҳар як сокини мамлакати мо мебошад ва шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд.

Дар идомаи маҷлиси тантанавӣ судяҳои Суди Олӣ маърӯза намуда, доир ба таърихан соҳиби парчам будани миллати тоҷик, фарҳанги парчамдории миллии тоҷикон ва нақши Парчам дар баланд бардоштани ҳисси миллӣ баромад намуданд.

IMG_0243.JPGАз ҷумла қайд карда шуд, ки Парчами давлатӣ нишони муқаддаси ҳар сокини кишварамон буда, рамзи ҳувият, давлатдорӣ ва рамзи ягонагии халқҳои ин сарзамини биҳиштосо ба ҳисоб меравад. Парчам ифтихор, нанг ва шарафи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст. Парчами давлатӣ симои сиёсии Ватанамонро дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷассум мекунад.

Парчами давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун рамзи бахту саодат, сарсабзию хуррамӣ ва сарбаландии миллату давлати тоҷикон, мақсаду ҳадафҳои созандаи ин миллати тамаддунофарро дар баландтарин минбарҳои байналхалқӣ ҷилвагар менамояд, ки ин боиси ифтихори ҳар як сокини кишвар мебошад.

Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон партавфишонӣ намуда, ҳамчун нишон аз Истиқлолият миллати тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ карда, дар радифи парчамҳои дигар давлатҳо дар бинои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ барафрохта шудааст.

Ҳамзамон тибқи дастури роҳбарияти Суди Олӣ чунин чорабиниҳои тантанавӣ дар судҳои вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва судҳои ҳарбии гарнизонҳо низ доир карда шуданд.

 

    Бахши иттилооти Суди Олӣ


Возврат к списку


СОМОНАҲОИ МУФИД