ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ - РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИФТИХОРИ МИЛЛӢ

Ҳамасола 24-уми ноябр мо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегирем.
Мувофиқи моддаи 3 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам дар қатори Нишони давлатӣ ва Суруди Миллӣ, яке аз рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Парчам аз муҳимтарин муқаддасоти давлатдорӣ буда, дар он рангҳои сурх, сафед ва сабз - ки рамзи талошу муборизаҳои халқи тоҷикро барои истиқлолият ва барпо намудани ҳаёти осуда ифода менамояд.
Парчами миллӣ мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳангии мо буда, мақсаду мароми созандаи тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.
Тоҷикон аз қадим соҳиби Парчами худ буданд ва миллати бофарҳанги тоҷик аз замони давлатдории Сомониён соҳиби давлати худ буда, тӯли таърихи ҳазорсола родмардони далеру ғаюр, бо ору номуси ватан парчамбардори миллату давлати тоҷикон буданд, ин шараф, ин номус, ин ватандорӣ имрӯз ба дӯши ворисони шоҳ Исмоили Сомонӣ афтодааст.
Дар таърихи башарият Парчам аз давраҳои қадим ҳамчун рамзи давлатдорӣ истифода мешуд. Парчами давлатии Тоҷикистон ифодагари мақсаду маром, таҷассумгари давлатдории миллати куҳантаърихи мост. Аз ин лиҳоз, чунон ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: «Парчами имрӯза яке вз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва размҳои давлатдории тоҷикон, инчунин, ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад».
Бузургони миллат дунёро бо сухан тасвир карданд, маҳз суханофаринии онҳо буд, ки имрӯз ба қадри соҳибистиклолии давлат рамзҳои давлат ва дигар муқаддасоти миллӣ мерасанд.
29 сол муқаддам дар иҷлосияи ХVІ Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии ҷомеаи навини Тоҷикистон ҳамчун иҷлосияи таърихӣ ва тақдирсоз сабт шудааст, дар баробари дигар масъалаҳои муҳимтарини он айёми ноором масъалаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баррасии вакилони иҷлосия пешниҳод гардид. Яъне Парчами давлатӣ самараи неки иҷлосияи зикршудаи Шӯрои Олӣ ва ҳамсоли он буда, ҷашни имсолаи он бо 29 умин солгарди баргузории иҷлосияи тақдирсози миллат, ки ҳамагӣ чанд рӯз пеш ботантана таҷлил гардид, баробар омад. Мардуми мо ба асолати таърихӣ ва таъсири маънавии Парчами давлатӣ ҳамчун як зуҳуроти бисёр муҳиму арзишманди миллӣ эътиқод ва эътимод пайдо карданд.
Тасдиқи Парчами давлатӣ дар давраи басо ҳассосу тақдирсоз ва мураккабу печидаи таърихи халқамон, ки истиқлолият ҳанӯз қадамҳои нахустини худро мегузошт, вале мавҷудияти давлату миллат таҳти хатари воқеӣ қарор дошт, рост омад. Дар чунин аиёми сарнавиштсоз қабул гардидани Парчами давлатӣ иқдоми олии ватандӯстона ва кӯшиши нахустин барои рафъи хатари ба сари давлат ва миллати куҳанбунёд омада буд. Мардуми Тоҷикистон ва ҷавонмардони ғаюру далери он зери Парчами миллат ба ҳам омаданд, ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшиданд, ба кишвар сулҳу оромӣ ва ба сокинони мамлакат осоишро фароҳам оварданд. Имрӯзҳо хурду бузурги мамлакат эътимоди комил доранд, ки Парчами давлатии Тоҷикистон чун рамзи озодӣ, ояндаи ободу осуда ва мояи ифтихори халқи соҳибдавлати тоҷик то ҷовидон парафшон хоҳад буд. Имрӯз Парчами миллии мо чун рамзи - давлатдорӣ ва нишони миллати мо дар пешгоҳи бисёр биноҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, аз ҷумла, дар бинои СММ идораву созмонҳои дигаре, ки бо Тоҷикистон аҳднома доранд, барафрохта шудааст ва муаррифнамои кишвари мо ба ҷаҳониён маҳсуб меёбад.
Орзумандам, ки Парчами миллӣ - рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва қаҳрамониҳои халқи тоҷик барои озодӣ, ваҳдати миллӣ нишонаи нангу номуси миллат ва таҷассуми муҳаббату садоқати ҳар як фарди Тоҷикистон ба ватани ободу соҳибихтиёр зери роҳбарии Сарвари хирадманди он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то абад парафшон бошад.

Комилзода И.С.
судяи Суди Олӣ

Бозгашт ба рӯйхат