ТАМОШОИ ДАСТАҶАМЪОНАИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Имрўз, 21 декабри соли 2021 дар “Кохи Сомон” ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
IMG_0331.JPGДар ҷаласаи мазкур Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ба Маҷлиси Олии мамлакат ироа гардида, тариқи шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ ба таври мустақим пахш гардид. Дар толори маҷлисгоҳи Суди Олӣ бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олӣ мустақиман тамошои дастаҷамъонаи он ташкил карда шуд.
Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, дар ин замина оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузошта шуданд.IMG_0336.JPG
Ҳамзамон тибқи дастури Раиси Суди Олӣ тамошои дастаҷамъонаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи судҳои вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва судҳои гарбии гарнизонҳо низ ташкил карда шуд.

Возврат к списку


СОМОНАҲОИ МУФИД