ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАИ ФАЪОЛИЯТИ МАҚОМОТИ СУДӢ ДАР СОЛИ 2021

Имрӯз, 5 январи соли 2022 бо иштироки намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Ализода З., роҳбарият ва судяҳои Суди Олӣ, раисон ва судяҳои судҳои ҷумҳурӣ маҷлиси Раёсати Суди Олӣ баргузор гардид.

Дар маҷлис натиҷаи фаъолияти Суди Олӣ, судҳои вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва судҳои ҳарбии гарнизонҳо дар давоми соли 2021 таҳлил ва ҷамъбаст гардида, вазифаҳо барои нимсолаи якуми соли 2022 муайян карда шуданд.

Аз рӯи рӯзномаи маҷлис дар Раёсат вобаста ба натиҷаи баамалбарории адолати судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ муовини якуми Раиси Суди Олӣ Лутфуллозода Ш., доир ба натиҷаи баррасии парвандаҳои гражданӣ ва оилавӣ муовини Раиси Суди Олӣ Исҳоқӣ А.Н. ва оид ба натиҷаи фаъолияти судҳои ҳарбӣ муовини Раис – раиси коллегияи ҳарбии Суди Олӣ Раҳмонзода С.С. ахборот доданд.

Вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон ва шаҳри Душанбе низ аз ҷониби раисони судҳои болозикр ҳисобот пешниҳод карда шуд.

Дар маҷлиси Раёсат ҳамчунин Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Ализода З. баромад карда, вобаста ба ҷамъбасти фаъолияти судҳои ҷумҳурӣ дар соли сипаришуда ибрози андеша намуд.

Сипас, Раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён вобаста ба фаъолияти мақомоти судӣ дар соли 2021 баромад намуда, ба судҳо барои бартараф намудани камбудиҳо, баррасии ҳаматарафа, пурра, холисона ва саривақтии парвандаҳо, қабули санадҳои қонунию асоснок ва назорати иҷрои онҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Баъдан аз ҷониби Раёсат вазифаҳо барои нимсолаи аввали соли 2022 муайян карда шуда, вобаста ба он қарори дахлдор қабул гардид.

Бо ҳамин маҷлиси Раёсати Суди Олӣ кори худро ба анҷом расонид.

IMG_0355.JPGIMG_0375.JPG







Бахши иттилооти Суди Олӣ



Бозгашт ба рӯйхат