Анҷумани миллӣ оид ба вируси норасоии масунияти одам, ҳуқуқи инсон ва қонунгузорӣ

Рӯзҳои 24-25 феврали соли 2022 бо иштироки судяҳои судҳои ҷумҳурӣ Анҷумани миллӣ оид ба вируси норасоии масунияти одам, ҳуқуқи инсон ва қонунгузорӣ баргузор гардид.
Анҷуман бо дастгирии Намояндагии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон ташкил ва гузаронида шуд.
Дар чорабинии мазкур намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, вазоратҳои адлия, корҳои хориҷӣ, корҳои дохилӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Прокуратураи генералӣ ва дигар мақомоту намояндаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.
Дар Анҷумани миллӣ унсурҳои ҳуқуқии муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақш ва вазифаҳои мақомоти судӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин дигар ниҳодҳои дахлдор вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуданд.
Аҳамият ва ҳадафҳои Анҷумани мазкур аз баланд бардоштани сатҳи дониши касбии судяҳо ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ нисбат ба қонунгузории миллӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар соҳаи муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам, табодули таҷрибаи якхелаи татбиқи қонунҳо, ба талаботи меъёрҳои моддӣ ва мурофиавӣ ҷавобгӯ будани сифати таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ, тақвият бахшидан ба нақши судҳо дар баррасии парвандаҳо, ҷиҳати таъмин ва риояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд ва шахсони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда, иҷрои барномаҳо, стратегияҳо, консепсияҳо ва нақшаҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт маҳсуб меёбад.
Бояд қайд кард, ки бо мақсади пурзӯр намудани раванди манъшавии эпидемияи вируси норасоии масунияти одам дар Тоҷикистон, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2020, №50 “Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ва Нақшаи амалигардонии он тасдиқ шудааст.
Яке аз самтҳои асосии Барномаи миллӣ ин бартараф намудани монеаҳои мавҷуда ва мустаҳкам намудани муҳити дастгирикунанда барои пешгирии эпидемияи вируси норасоии масунияти одам мебошад.
Дар кори Анҷуман судяҳои Суди Олӣ, устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва намояндагони дигар мақомот вобаста ба мавзӯъҳои “ВНМО дар заминаи ҳуқуқи ҷиноятӣ, гражданӣ, оилавӣ ва мурофиавӣ: дастрасӣ ба адолати судӣ”, “Ҷуброни зарари моддӣ ва маънавӣ бо парвандаҳои марбут ба сирояти ВНМО”, “Фарзандхондӣ, васоят ва парасторӣ аз ҷониби шахсони бо ВНМО зиндагикунанда”, “ВНМО ҳамчун монеа барои бастан ва асос барои бекор кардани ақди никоҳ” ва ғайра маърӯза намуданд.
Ҳамзамон дар Анҷуман мутахассисони сатҳи байналмилалӣ аз Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Туркия ба тариқи маҷозӣ иштирок ва дар хусуси таҷрибаи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ дар соҳаи муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам баромад намуданд.


Возврат к списку


СОМОНАҲОИ МУФИД