НИШАСТИ МАТБУОТӢ

Имрӯз, 14 июли соли 2022 дар Суди Олӣ оид ба натиҷаи фаъолияти мақомоти судӣ дар нимсолаи якуми соли 2022 нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Дар оғоз Раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён намояндагони воситаҳои ахбори оммаро бо натиҷаи фаъолияти мақомоти судӣ дар нимсолаи якуми соли 2022 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюм шинос намуданд.
Қайд гардид, ки дар ин давра мақомоти судӣ дар фаъолияти худ муқаррароти Конститутсия ва қонунҳоро ба роҳбарӣ гирифта, ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо ва таъмини қонунияту адолат дар ҷомеа корҳои муайянеро ба анҷом расонид.
Тибқи маълумотҳои оморӣ дар маҷмӯъ, дар марҳилаҳои якум, кассатсионӣ ва назоратии Суди Олӣ, судҳои вилоят, судҳои ҳарбӣ ва шаҳру ноҳияҳо 70228 адад парвандаҳои судӣ, дархостҳои мақомоти тафтиши пешакӣ, пешниҳодҳои муассисаҳои ислоҳӣ ва мақомоти иҷро баррасӣ карда шуданд, ки нисбат ба нимсолаи якуми соли гузашта 4279 адад кам мебошад.
Аз шумораи парвандаҳои баррасигардида дар марҳилаи якум 5248 ададро парвандаҳои гражданӣ, 23820 ададро парвандаҳои оилавӣ, 5508 ададро парвандаҳои ҷиноятӣ, 24867 ададро парвандаҳои маъмурӣ, 4103 ададро дархостҳои мақомоти тафтиши пешакӣ ва 2820 ададро пешниҳоди муассисаҳои ислоҳӣ, мақомоти иҷро ва дигар ташкилоту муассисаҳо ташкил медиҳанд.
Дар ин давра аз ҷониби судҳо барои риоя накардани Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 416 парванда баррасӣ гардида, ба 407 шахс ба маблағи умумии 1868416 сомонӣ ҷазои ҷарима татбиқ карда шудаст.
Шумораи баррасии парвандаҳо вобаста ба риоя накардани Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба 10191 адад расида, бо ин парвандаҳо нисбати 3530 нафар ҷазои огоҳӣ ва 5693 нафар ҷарима ба маблағи умумии 1044709 сомонӣ таъин карда шудаст.
Мувофиқи талаботи қонунҳои моддӣ ва мурофиавӣ вазифаи мақомоти судӣ аз таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, амнияти ҷамъиятӣ, ҳимояи сохти конститутсионӣ ва таъмини амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи риояи Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳурӣ, инчунин пешгирии ҷинояткорӣ иборат мебошад.
Дар ин замина судҳо диққати мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдорро ба ҳолатҳои қонуншиканӣ, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, муқаррароти қонунгузорӣ ҷалб менамоянд.
Бо ин мақсад, дар давоми шаш моҳи аввали соли 2022 судҳо оиди аз байн бурдани сабабу шароитҳои ба қонуншиканӣ мусоидаткунанда 14920 таъиноти хусусӣ бароварда, барои чораҷӯӣ ба мақомоти дахлдор ирсол намуданд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1495 адад зиёд мебошад.
Бояд қайд намуд, ки дар самти ташвиқу тарғиби қонунҳо ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷониби шаҳрвандон чораҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд.
Чунончӣ, баҳри дар амал татбиқ намудани «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030» ва вобаста ба иҷрои бандҳои дахлдори ин Барнома аз ҷониби судяҳо ва кормандони дастгоҳҳои судҳо дар як қатор ҷамоату шаҳракҳо ва ташкилоту муассисаҳо бо шаҳрвандон вохӯрию суҳбатҳо доир карда шуда, мазмуну муҳтавои қонунҳо, бахусус қонунҳои миллӣ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва ҳамчунин дастовардҳои Истиқлолият ва Ваҳдати миллиро фаҳмонда дода шуданд.
Ба хотири истифодаи минбари мурофиаҳои сайёри судӣ баҳри ташвиқу тарғиби қонунҳои амалкунанда ва пешгирии қонунвайронкуниву ҷинояткорӣ, судяҳо дар маҷмӯъ 12616 адад парвандаҳоро дар мурофиаҳои сайёр баррасӣ карда, тариқи телевизиону радио 2260 маротиба баромад намуда, дар рӯзномаю маҷаллаҳо 827 хабару мақолаҳо ба нашр расониданд.
Илова бар ин, судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо дар 6178 чорабиниҳои дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ташкилоту идораҳо, муассисаҳои таълимӣ ва қисмҳои ҳарбӣ баргузоршуда иштирок ва суханронӣ намуданд.
Мавриди зикр аст, ки дар нимсолаи якуми соли 2022 бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва дар доираи ҳамкориҳои Суди Олӣ бо шабакаҳои телевизиониву радиоӣ бо иштироки судяҳои судҳои ҷумҳурӣ доир ба мавзӯъҳои ҳуқуқӣ 7 барномаҳои ҳуқуқии «Мурофиа», 12 барномаи «Инсон ва қонун», 14 барномаи «Ҳуқуқи Шумо» ва 26 барномаи «Додгоҳ» таҳия гардида, тариқи «Телевизиони Тоҷикистон» ва «Ҷаҳоннамо» намоиш ва 26 барномаи радиоии «Маърифати ҳуқуқӣ» сабт ва тариқи мавҷи Радиои “ҒМ-Ховар” пахш карда шуд.


Шуъбаи иттилооти Суди Олӣ


Возврат к списку


СОМОНАҲОИ МУФИД