Маҷлиси тантанавӣ

Имрӯз, 11 ноябри соли 2022 дар маҷлисгоҳи Суди Олӣ бахшида ба таҷлили 30-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Чорабиниро Раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён бо сухани ифтитоҳӣ оғоз карда, дар хусуси аҳамияти таърихии ҷашнҳои мазкур суханронӣ намуда, аз ҷумла қайд карданд, ки 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоб баргузор гардидани Иҷлосия муҳимтарин рӯйдод дар таърихи навини кишвар баҳри рушди Истиқлолияти мамлакат мебошад. Ин иҷлосия ва асноди ҳуқуқии он қабулгардида дар ҳифзи давлатдории миллӣ ва инкишофи ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон нақши муайянкунанда бозид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 1992 нақш ва мавқеи Иҷлосияро ба сифати рӯйдоди сарнавиштсози миллат муайян намуданд, зеро он дар кишвар гардиши куллиеро ба вуҷуд овард.
Дар воқеъ дар чунин давраи ҳассос баргузор гардидани ин Иҷлосия кори саҳл ва осон набуд. Зеро қувваҳои манфиатҷӯю бадхоҳ бо истифода аз ҳама гуна тарзу усул барои ноором кардани вазъият ва бо ин роҳ ба қисматҳо тақсим намудани Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ дода буданд.
Баргузор намудани Иҷлосияи Шӯрои Олӣ ягона амали ногузир ҷиҳати раҳоии кишвар аз вартаи нобудӣ, пойдор нигоҳ доштани Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақилу соҳибихтиёр, хомӯш кардани оташи ҷанги шаҳрвандӣ, ба сулҳу ваҳдат овардани мардум, ба низоми қонун даровардани муносибатҳои ҷамъиятӣ ва фаъолияти ҳокимияти давлатӣ ба ҳисоб мерафт.
Он замон ҷомеа ба шахсияте ниёз дошт, ки дорои иродаи қавӣ, принсипҳои устувор ва сифатҳои аслии ватандӯстию сарварӣ буда, масъулияти бузургро дар назди халқу Ватан дарк намояд.
Бо назардошти чунин сифатҳо, Иҷлосия дар бораи ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор қабул кард, ки ин муҳимтарин рӯйдод дар ҳамон лаҳзаҳои таърихӣ ба ҳисоб рафта, барои ноил шудан ба мақсаду ормонҳои халқи тоҷик замина гузошт.
Пешвои миллат дар вазъияти ниҳоят мураккаб бо тамоми масъулият вазифаи сарвариро ба дӯш гирифта, ба сулҳу субот овардани мардум, ба ҷойи зист баргардонидани гурезагон ва барқарор намудани сохти конститутсиониро мақсади аввалиндараҷаи роҳбарияти олии мамлакат эълон намуданд.
Дар рафти Иҷлосия як қатор санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқие қабул карда шуданд, ки барои хомӯш кардани оташи ҷанг, ба сулҳу субот овардани мардум, барқарор намудани сохти конститутсионӣ, таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, асосҳои ҳуқуқӣ ва имконият ба вуҷуд оварданд, ки мамлакат ба сӯи пойдорӣ, истиқлолияти пурра ва таҳкими ҳокимияти давлатӣ қадамҳои нахустин гузорад.
Ҳамчунин нахустин рамзи давлатӣ – Парчами мамлакат қабул карда шуда, корҳо доир ба таҳияву қабули дигар рамзҳои давлатӣ ва Конститутсия оғоз гардиданд. Зеро шароити ҳамонвақта талаб менамуд, ки дар кишвар ҳарчи зудтар ислоҳоти конститутсионӣ гузаронида, Конститутияи кишвар қабул гардад, ки дар он мақсаду мароми ҷомеа, давлат ва сохти давлатдорӣ, ҳамзамон масъалаҳои дигари калидии ҷомеа – соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва ягонагии давлат, унсурҳои дигари асосии сохтори конститутсионӣ – соҳибихтиёрии халқ, арзиши олӣ будани инсон, ҳуқуқу озодиҳои ӯ ва ғайра муайян карда шаванд.
Ҳамин тавр, 6 ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул гардида, дар он пеш аз ҳама шоҳроҳи рушди минбаъдаи Тоҷикистон, ки барпо кардани давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад, сабт гардид.
IMG_1656.JPGДар идомаи суханронӣ Раиси Суди Олӣ изҳор доштанд, ки мо дар остонаи таҷлили боз як Ҷашни бузург – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем.
Тибқи Қонун «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи 16 ноябр ҳамасола Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.
Маҳз дар ин санаи таърихӣ, яъне 16 ноябри соли 1994 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу Ватан савганд ёд карда, ба иҷрои ин вазифаи пурмасъул оғоз намуданд.
Ин санаи муҳим дар қонунгузории кишвар бо манзури эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдорӣ дар таърихи навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдату ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии обрӯву нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ, ки ин паёмадҳо дар маҷмӯъ, ба хизматҳои наҷибу фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад, пазируфта шудаст.
Дар натиҷаи заҳмату талошҳои ҳамешагии Сарвари давлат тамоми пояҳои давлатдорӣ, сулҳу ваҳдати комили миллӣ барқарор гардида, Тоҷикистон узви СММ ва ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ гардида, обрӯ ва эътибори хоса пайдо намуд.
Дар ҷамъомад инчунин судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олӣ бахшида ба ин ду санаи муҳим бо маърӯзаҳо баромад намуданд.
Дар интиҳои маҷлиси тантанавӣ Раиси Суди Олӣ иштироккунандагонро бори дигар бо фарорасии Ҷашнҳои бузурги миллӣ табрик намуда, бо таманниёти нек ба кори маҷлис хотима бахшиданд.


Бозгашт ба рӯйхат