МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ

Имрӯз, 24 ноябри соли 2022 дар Суди Олӣ ба муносибати таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Ҷамъомадро бо сухани ифтитоҳӣ Раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён оғоз карда, қайд намуданд, ки Парчами Тоҷикистон ҳамқадами соҳибистиқлолии ватанамон буда, дар баробари Нишон ва Суруди Миллӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти давлатӣ ба шумор меравад.
Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол 24 ноябри соли 1992, дар Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои Олӣ, ки чанде қабл 30-солагии баргузории он дар саросари мамлакат бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид, тасдиқ карда шуд. Маҳз ҳамин Иҷлосияи тақдирсоз ба идома додани анъанаи парчамдории миллати тоҷик асос гузошт.
Қабули Парчами давлатӣ дар вазъияти ниҳоят мураккаби солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба мардуми мо руҳу тавони тоза бахшида, қувваҳои солими ҷомеаро муттаҳид сохт ва онҳоро нерӯ бахшид, ки таҳти парафшонии он оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро хомӯш карда, қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва сохтори конститутсиониро дар кишвар барқарор намоянд.
Дар ҳақиқат боиси ифтихор аст, ки миллати тоҷик баъди асрҳо ба шарофати соҳибистиқлолӣ аз нав соҳиби Парчами миллӣ шуда, таҳти роҳбарии оқилонаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ соҳиби мақому мартабаи хос гардид.
Дар ҷаҳони муосир ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёр маҳз тавассути рамзҳои давлатии он, махсусан Парчами давлатиаш муаррифӣ мегардад, зеро ин рамзҳо рамзҳои истиқлолият ва нишонаи асосии давлатдорӣ ба шумор мераванд.
IMG_2362.JPGАз ин рӯ, Парчами давлатии Тоҷикистон дар қатори парчами давлатҳои дигар дар пешгоҳи бинои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи ҷаҳоние, ки кишвари мо узви комилҳуқуқи онҳост, инчунин бинои сафоратҳо ва намояндагиҳои Тоҷикистон дар давлатҳои дигар партавфишонӣ мекунад.
Тибқи қонунҳо Парчам дар боло ё пештоқи бино ва ё ба пояи махсус дар ҳавлии қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, Ҳукумати мамлакат, судҳо, вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти марказию маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагиҳои дипломатӣ ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, утоқҳои кории шахсони расмии давлатӣ ва дигар ҷойҳои муайяншуда ба таври доимӣ барафрохта мешавад, ки рамзи мустақилию соҳибдавлатӣ ва соҳибҳокимиятии Тоҷикистон мебошад.
Дар болои бинои судҳо ва толору ҳуҷраҳои кории судяҳо гузошта шудани Парчами давлатӣ маънои онро дорад, ки суд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти давлатиро амалӣ мекунад ва санадҳои судиро аз номи давлат қабул менамояд.
Мутобиқи муқаррароти Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» шахсе, ки бори аввал ба вазифаи судя таъин шудааст, дар вазъияти тантанавӣ дар ҷамъомади судяҳо ва назди Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд мекунад.
Боиси қайд аст, ки солҳои охир дар саросари ҷумҳурӣ ба хотири гиромидошти рамзҳои давлатӣ корҳои зиёде ба анҷом расонида шуданд. Махсусан бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе дар арафаи ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон сутунпояи бузурги Парчам ифтитоҳ гардид, ки дар он Парчами давлатӣ бо баландии 165 метр парафшон карда шуда, мавзеи ҷойгиршавии он «Майдони Парчами давлатӣ» номгузорӣ гардидаст.
Ғайр аз ин, дар марказҳои аксар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ рамзҳои давлатӣ ба таври муносиб қомат афрохтаанд, ки ин ҷойҳо ба макони истироҳату фароғат ва сарҷамъиву муттаҳидии шаҳрвандон табдил ёфтааст.
IMG_2392.JPGҲамин тариқ, Парчами миллӣ мояи ифтихори ҳар як сокини Тоҷикистон, рамзи мустақилияти давлат, ҳаёти осоишта, ваҳдати ҷовидона ва умед ба фардои ободу осуда буда, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба он қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа дар назди таърих, наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда мебошад.
Дар ҷамъомад инчунин судяҳои Суди Олӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маърӯзаҳо баромад намуданд.
Дар интиҳо Раиси Суди Олӣ иштироккунандагонро бори дигар бо фарорасии Ҷашни бузурги миллӣ табрик намуда, бо таманниёти нек ба кори маҷлис хотима бахшиданд.



Возврат к списку


СОМОНАҲОИ МУФИД