САРАЗМ

Саразм муассисаи ҷаҳонии ЮНЕСКО буда, дар он боқимондаҳои таърихии қадима аз ҷумла маҷмӯаи қалъаи бузургро, ки дар ҳудуди 250 метри квадратӣ вуҷуд дорад, дидан мумкин аст. Ин яке аз қадимтарин бозёфи таърихӣ дар Осиёи Миёна мебошад. Саразм ҳамчун маркази савдо, мубодилаи тиҷоратию фарҳангии одамони зиёд, ки бо ин роҳи таърихии роҳи абрешим сафар мекарданд аҳамияти калон дошт.
Номгузории Саразм аз калимаи тоҷикии «саризамин» ба вуҷуд омадааст. Саразм дар соҳили чапи яке аз дарёҳои бузурги Осиёи Миёна — Зарафшон, дар баландии 910 м аз сатҳи баҳр ва дар масофаи 15 км дуртар аз маркази шаҳри Панҷакент ҷойгир аст.
Шаҳри Саразм дорои қаср ва маъбад, маҳаллаҳо ва кӯчаҳо буд. Саразмиҳо бо кишоварзӣ ва чорвопарварии хонагӣ машғул буданд. Истеҳсол ва коркарди фулузот низ хеле инкишоф ёфта буд, маъданро аз конҳои гирду атроф мегирифтанд. Ҳангоми кофтукови археологӣ дар мавзеи мазкур кӯраҳои фулузгудозӣ, хумдонҳои сафолпазӣ ва 150 намуд ашёҳои биринҷӣ ба монанди корд, ханҷар, табарзин, нӯги найза, муҳри сурбӣ, ашёҳои тиллоӣ ва нуқрагӣ ёфт шудаанд. Дар шаҳри Саразм заргарӣ, чармгарӣ, ресандагӣ, бофандагӣ ва соҳаҳои дигар низ тараққӣ карда буд.
Саразм.jpg

Возврат к списку