МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ

Шоир ва мутафаккири барҷастаи тоҷику форс Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ соли 1315 дар шаҳри Ҳамадони Эрон чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.

Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо осори гаронбаҳои худ, ки асоси онҳоро дарки дурусти масъалаҳои фалсафию ҳикмат ва ахлоқу адаб ташкил медиҳанд, дар тамаддуни Шарқ мақоми барҷаста дорад.

Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо кӯшиши падари бузургвораш аз овони хурдӣ ба омӯхтани Қуръон, илмҳои шариат, калом, ҳикмат, риёзӣ ва қироат машғул шуда, аз бузургтарин уламо ва донишмандон сабақ гирифтааст ва соҳиби донишу фазилат ва ҷаҳонбинии васеъ гардидааст.

Донишу маърифат номи ӯро дар як давраи кӯтоҳ шуҳратёр намуд ва ақидаҳои вай дар тамоми қаламрави Эрон, як қисми Ҳиндустон, Покистон ва Арабистон паҳн гардида, дар ин кишварҳо мактабҳои бузурги пайравони ӯ таъсис ёфтанд.

Шуҳрат ва мақоми бузурги Ҳамадонӣ Хуросону Мовароуннаҳрро низ фаро гирифта, баъди мусофираташ ба Машҳаду Ҳирот, Балх ва Хатлону Бадахшон дар ин ҷойҳо дилбохтагону муридон ва ҳамсафони зиёде пайдо намуд.

Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ баъди сафар ба диёри мардуми меҳмоннавоз ва фарҳангпарвари Хатлон, вохӯриву суҳбатҳо бо табақаҳои мухталиф ва шиносоиаш бо сокинони шаҳри бостонии Кӯлоб дар ин макон маҳбубияти боз ҳам бештар пайдо карда, ин ҷойро ҳамчун маркази таблиғи ақидаҳои ирфонии худ интихоб менамояд ва чанд муддат дар ин макон ба корҳои таълимиву маърифатӣ машғул мегардад.

Сипас, боз ба мусофират баромада, дар шаҳру вилоёти мухталиф бо орифону донишмандони зиёде вохӯрӣ ва баҳсҳо ороста, дар музофоти Кунари Афғонистон вафот мекунад ва шогирдону муридони содиқи вай тибқи васияташ ҷасади ӯро ба Кӯлоб меоранд ва дар ин шаҳр ба хок месупоранд.

Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо фазилатҳои неки инсонӣ ва дониши васеи худ дар сарзамини тоҷикон тарафдорон ва шогирдони зиёде пайдо намуда, дар тарбияи онҳо нақши сазовор гузоштааст ва ба ин васила номи худро дар хотираи таърихии халқи тоҷик ҷовидон гардонидааст.

Пеш аз истиқлолияти давлатӣ ба шахсият ва осори Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як гуруҳи хурди олимон ва донишмандон шиносоӣ доштанд, аммо баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон ва бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ вирди забони хурду бузург шуда, мақому мартабааш шуҳрати арзандаву сазовор пайдо кард.

Мавриди зикр аст, ки бо супориши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақбараи ин шахсияти шинохтаи олами илму маърифат, ки дар кишварҳои ҷаҳон пайравону эътиқодмандони зиёд дорад, таъмиру таҷдид шуда, ба як макони зиёрат ва тамошои сокинону меҳмонон мубаддал гардидааст.

Барои гиромидошти хотираи шоир ва мутафаккири форсу тоҷик Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба яке аз ноҳияҳои калонтарини вилояти Хатлон номи шоир гузошта шудааст.



Возврат к списку


СОМОНАҲОИ МУФИД