КАМОЛИ ХУҶАНДӢ

Камоли Хуҷандӣ дар соли 1320 дар шаҳри Хуҷанд дида ба ҷаҳон кушодааст. Ҷавонияш дар зодгоҳаш гузашта ва маълумоти ибтидоиро низ дар он ҷо омӯхтааст. Сипас таҳсили улумро дар шаҳри Самарқанд давом додааст.

Камоли Хуҷандӣ пас аз сафари ҳаҷ ба Макка, дар шаҳри Табрез монд ва дигар ба зодгоҳаш барнагашт. Вай дар Табрез зиндагии ороме ёфта ва вопасин рӯзҳояшро низ дар ин шаҳр гузарондааст. Ба дастури султон Увайс барои шоир дар доманаи хушбоду ҳавои Волиёнкӯҳ хона ва боғ сохта шуд ва хонагоҳи Камоли Хуҷандӣ маҷлисгоҳи шоирону орифон шуд.

Шайх Камоли Хуҷандӣ ҳангоми тохтутози Тӯхтамишхон ба Табрез ҳамроҳ бо дигар асирону ғаниматҳо ба шаҳри Сарой бурда шуд ва якчанд сол дар он шаҳр монд. Асорату ғурбатро бо ёди Табрезу дӯстони табрезияш ба сар бурд ва ниҳоят дубора ба Табрез баргашт.

Камоли Хуҷандӣ соли 1401 дар Табрез даргузашт ва дар боғаш ба хок супорда шуд.

Боиси ифтихори аҳли адаб ва мардуми тоҷик аст, ки Камоли Хуҷандӣ дар муҳити адабии Хуросону Мовароуннаҳр ҳамчун устоди ғазалҳои саршор аз меҳри Ватану ватандорӣ эътироф шуда, ғазалиёти ӯ аз лиҳози бандубасти адабӣ ва фасоҳату балоғат дар ҳадди камол қарор доранд ва ба сифати намунаи олии осори лирикии адабиёти тоҷику форс шинохта шудаанд.

Гарчанде қисми зиёди ҳаёти Хоҷа Камол бо сабабҳои сиёсиву иҷтимоӣ дар ғарибӣ, яъне дар шаҳри Табрези Эрон гузаштааст, вале ӯ дар ҳама ҷо бо ёди Ватан ва ёру диёр умр ба сар мебурд.

Шайх Камоли Хуҷандӣ дар ашъори ҷовидонаи худ бо такя ба беҳтарин анъанаҳои ахлоқии ниёгон ва арзишҳои умумибашарӣ некиву накӯкорӣ, ахлоқи ҳамида, адолати иҷтимоӣ ва дигар фазилатҳои писандидаи инсониро бо ҳунари олии суханварӣ тараннум кардааст.

Ҳамзамон бо ин, як қисми осори гаронарзиши Хоҷа Камол фарогири масъалаҳои панду ахлоқӣ ва дорои аҳаммияти бузурги таълимиву тарбиявӣ мебошад.

Ашъори Камоли Хуҷандӣ бо шаклу услуби ширину дилнишин, латофати калом ва камоли маънӣ дар таърихи адабиёти тоҷику форс мавқеи босазо дошта, бо Саъдиву Ҳофиз ва Ҷомӣ дар як мавқеъ гузошта мешавад.

Барои гиромидошти хотираи Шайх Камол бо супориши Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2015 дар шаҳри Хуҷанд боғи ба номи Камоли Хуҷандӣ бунёд гардид.

21 марти соли 2015 боғи мазкур бо иштироки бевоситаи Сарвари давлат ифтитоҳ гардид.

Дар ҳудуди боғ аз ҷониби Президенти кишвар ва намояндагони аҳли адаби тоҷик пеш аз ҳама парда аз болои пайкараи навбунёди Камоли Хуҷандӣ бардошта шуд.

Аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оромгоҳи рамзии Камоли Хуҷандӣ, ки бо гузашти садсолаҳо пас аз дунёро дар ғарибиҳо падрӯд гуфтани ин шоиру орифи ғазалсаро дар зодгоҳаш бунёд ёфтааст, мушти хоке рехта шуд, ки аз марқади воқеии ӯ аз шаҳри Табрези Эрон оварда шудааст.


Возврат к списку