САРИ ХОСОР

Мавзеи Сари Хосор дар ҳудуди ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон ҷойгир мебошад. Масоҳати умумии боғи табиии Сари Хосор 3805 га аст.

Табиати зебову дилфиреби Сари Хосор, ҳавои тозаву чашмаҳои мусаффо, кӯҳҳои сарбафалаккашида, меваҳои шаҳдбор ва гиёҳҳои шифобахши он диққати ҳар як сокини кишварро ба худ ҷалб мекунанд ва чунин мавзеъҳо на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми дунё ангуштшумор мебошанд.

Мавзеи Сари Хосор ва махсусан Шаршараи он ёдгории нодири табиат ва макони басо мусоид барои меҳмонону сайёҳон буда, таваҷҷуҳи ҳазорон нафар сайёҳони дохиливу хориҷиро ба худ ҷалб менамояд.

Ин мавзеъ дорои ҷангалзори табиӣ ва флораву фаунаи гуногуни кӯҳистонӣ мебошад. Дар ҷангал намудхои гуногуни дарахтон махсусан чормағзи юнонӣ ва дигар дарахту буттаӽои нодир мерӯянд. 

Сохти ландшафти мавзеи Сари Хосор хеле ҷаззоб буда, аз пасткӯҳҳо, доманакӯҳҳо ва кӯҳҳои баланд иборат аст. Қисмати зиёди релефи ин мавзеъро миёнакӯҳҳо ташкил намуда, онҳо дар баландии 1200-3000 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шуданд.


Бозгашт ба рӯйхат