АБӮАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ

Асосгузори адабиёти тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Ҷаъфар ибни Муҳаммади Рӯдакӣ соли 858 дар деҳаи Панҷрӯд, ки аз рустоҳои шаҳри Панҷакент аст, ба дунё омадааст.

Солҳои кӯдакии Рӯдакӣ дар зодгоҳаш Панҷрӯд мегузарад. Вай хеле барвақт хатту савод бароварда, барои такмили дониш ба шаҳри Самарқанд меравад. Устод Рӯдакӣ дар Самарқанд ба омӯзиши таърихи кишвар, таърих ва адабиёти араб, фалсафаи Юнони қадим рағбати калон зоҳир намуда, ривояту достонҳои паҳлавӣ, суғдӣ, арабӣ ва ғайраро ба шавқ аз бар мекард. Рӯдакӣ хусусан ба китоби муқаддаси «Авасто» таваҷҷӯҳи махсус дошт.

Устод Рӯдакӣ дар Самарқанд рӯзгори хушеро ба сар бурдааст. Вай ҳамчун фарди соҳибистеъдод дар баробари машғулияти пайваставу фарогирии илмҳои замон дар маҳфилу маҷлисҳои адабию илмии шаҳр иштирок мекарду шӯҳраташ рӯз ба рӯз боло мерафт. Овозаи ин шоири баландистеъдод то ба дарбори Сомониён мерасад ва ӯ дар Самарқанд дар аҳди ҳукмронии Насри I ибни Аҳмад ба хидмати дарбор даъват карда мешавад.

Баъди дар Бухоро ба сари ҳокимият нишастани Исмоили Сомонӣ устод Рӯдакӣ бо даъвати вазир Абулфазли Балъамӣ ба Бухоро меояд. Мувофиқи маълумоти мавҷуда он айём вай дар байни хосу ом хеле шӯҳрат ёфта буд. Рӯдакӣ дар дарбори Сомониён ба унвони фахрии «Маликушшуаро» сазовор мегардад. Шоирони баъдӣ ӯро ба сифати «султони шоирон», «сари шоирон» «устоди шоирони ҷаҳон», «одамушшуаро», «соҳибкирони шоирӣ» ва ғайра зикр кардаанд.

Солҳои аввали дар дарбор буданаш эҷодиёт устод Рӯдакӣ равнақ ёфта, зиндагии шахсии ӯ низ басо осуда мегузашт.

Аммо ин осудаҳолӣ ва лаззати илҳоми эҷодӣ тӯл намекашад. Фитнаҳои дарборӣ ва ҳасади аҳли он ҳамоно ҳаёти шоирро ҳар замон талх ва кори эҷодии ӯро халалдор мекарданд, ба осудагӣ ва ороми Рӯдакӣ вазъи нобасомони давр низ халал меовард.

Устод Рӯдакӣ дар охири умр ба зодгоҳаш деҳаи Панҷрӯд боз мегардад ва дар иҳотаи ҳамдиёрон ва наздикон рӯзгори миёнаҳолонае ба сар мебарад. Ӯ ин солҳои вазнин зиндагии худро дар қасидаи «Шикоят аз пирӣ» хеле хуб ва бо тафсил нақл кардааст. Шоири дар Арабу Аҷам шӯҳратёфта баъди се соли бо зодгоҳаш баргаштан, соли 941 аз олам мегузарад. Ӯро дар яке аз боғоти Панҷрӯд ба хок месупоранд. Имрӯз оромгоҳаш зиёратгоҳи аҳли фарҳангу ҳунар ва аҳли дил аст.

Барои гиромидошти номи фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ яке аз калонтарин ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба номи Рӯдакӣ гузошта шудааст.

Дар пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Боғи хушманзарае бунёд карда шуда номи Устод Рӯдакиро дорад.


Возврат к списку


СОМОНАҲОИ МУФИД