ИСКАНДАРКӮЛ

Iskandarkul_lake_2.jpg

Яке аз кӯлҳои зеботарини Тоҷикистон – Искандаркӯл дар баландии 2195 метр аз сатҳи баҳр, дар ҳудуди ноҳияи Айнии вилояти Суғд, дар доманаи кӯҳҳои Ҳисор ҷойгир мебошад.

Кӯл шакли секунҷаро дошта, майдони он 3,4 километри мураббаъ мебошад. Аз даромадгоҳ то Панҷчашма 3,250 километр ва аз тарафи шимол ба ҷануб 2,9 километр ва дарозии хатти соҳили кӯл бошад 14 километрро ташкил медиҳад. Чуқурии кӯл 71,7 метр мебошад. Пас аз кашфи Искандаркӯл соли 1937 кӯҳҳои Ғазнаи калон баландиаш 5306 метр ва Чимтарға 5489 метр дар байни ҷаҳониён ва кӯҳнавардон машҳур гаштааст.

Кӯҳҳои Фон дар ҳамсарҳадӣ бо қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷойгир мебошанд, ки сарҳади онҳоро Нова ва дарёҳои Пасрӯд, Фондарё, Саратоғ ва сойҳои Уреғ, Вору, Арчамайдон ҷудо менамоянд ва онҳо ба кӯли Искандар мерезанд. Тадқиқотҳои геологӣ ва зилзилагӣ нишон медиҳанд, ки ин кӯл дар замонҳои хеле қадим, дар натиҷаи афтидани кӯҳ ва сари роҳи дарёчаҳои Ҳазормеш, Саритоғ, Сарима ва Моронро банд кардан ба вуҷуд омадааст.

Диққати тамошобинонро махсусан шаршараи боҳашамати поёноби Искандаркӯл ба худ ҷалб менамояд. Шаршара яке аз ҷойҳои ҷолиби диққат буда, 1,3 км шарқтар аз сарчашмаи Искандардарё мавқеъ гирифтааст.

Воқеан Искандаркӯл яке аз мавзеъҳои зеботарини табиии кишварамон ба ҳисоб рафта, шумораи сайёҳони хориҷиву дохилӣ барои тамошои он рӯ ба афзоиш ниҳода истодааст.


Бозгашт ба рӯйхат