ЧИЛУЧОРЧАШМА

444.jpgМавзеи табиии Чилучорчашма дар ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон воқеъ аст. Дар ин мавзеъ, ки дар гузашта дашту биёбон буд, аз таги теппаи начандон баланд панҷ чашмаи калон фаввора зада ба 39 чашмаи майда тақсим мешавад.

Чилучорчашма макони зисти моҳиҳои бисёре мебошад, ки шахсро тамошои шинои моҳиҳо мафтун месозад. 

Ҳар як чашмаи Чилучорчашма хусусияти табобат ва номи маҳаллии хос дорад.

Сайёҳонро софу беолоиш ва дармонбахшии оби чашмаҳои ин мавзеъ ва моҳиҳои зебову чашмрабои он мафтун кардааст. 

Пажӯҳишҳои тиббӣ тасдиқ кардааст, ки оби чашмаҳо барои рафъи бемориҳои чашм, меъдаю рӯда, пӯст, сармозадагӣ, фишорбаландӣ, устухондард, бемориҳои рӯҳӣ, гӯшу гулӯву бинӣ, ҷигар, санги талха ва безурётӣ бисёр муфид мебошад.


Бозгашт ба рӯйхат