АБӮАЛӢ ИБНИ СИНО

Ҳаким, олим, табиби ҳозиқ, файласуф Абуалӣ ибни Абдуллоҳ ибни Ҳасан ибни Сино соли 980 дар деҳаи Афшанаи Бухоро чашм ба олами ҳастӣ боз кардааст. Сино яке аз бузургтарин нобиғаҳои ҷаҳонӣ дар охири садаи X ва ибтидои қарни XI зиста, дар соҳаҳои ниҳоят гуногуни илм, хусусан дар инкишофи илмҳои фалсафа ва тиб саҳми босазое гузоштааст.

Абӯалӣ ибни Сино, ки дар кишварҳои Ғарб бо номи Авитсенна машҳур мебошад, дар давоми умри начандон тӯлонии 57-солааш аз худ дар илмҳои гуногун асарҳои нодир боқӣ гузоштаст. 

Абӯалӣ ибни Сино дар дунё яке аз пурмаҳсултарин олимон эътироф гаштааст. Фаъолияти эҷодии вай аз 17-18 - солагиаш дар солҳои 996-997 шурӯъ шуда, расо 40 сол давом ёфтааст. Ӯ осори насриву назмиашро ҳам ба забони арабӣ ва ҳам ба тоҷикӣ эҷод кардааст. Осори Сино гуногун буда, аз рисолаҳои мухтасар то асарҳои чандинҷилдаро ташкил медиҳанд. Ин асарҳо дар инкишоф ва такмили илмҳои мавҷуда нақши сазовор гузошта, то кунун арзиши бузурги таърихӣ, маданӣ ва илмӣ доранд. Аз ҷумла, китоби “Ал-Қонун”, ки ба забони арабӣ таълиф шудааст, ба забонҳои лотинӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, англисӣ, форсӣ ва урду тарҷума шудааст. “Ал-Қонун” тақрибан 800 сол дар Ғарб як китоби арзишманд ва асосии тиббӣ буд.

Барои гиромидошти олим, файласуф ва мутафаккири бузурги халқи тоҷик Абуалӣ ибни Сино яке аз ноҳияҳои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе ва Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи ӯ номгузорӣ карда шуданд. Акси Ибни Сино дар асъори миллии кишвар инъикос ёфтааст ва номи ӯ ба майдону хиёбонҳо, маҳаллаву ҷамоатҳо ва кӯчаҳо гузошта ва пайкараву нимпайкараҳои ӯ дар гӯшаҳои гуногуни диёр қомат афрохтанд, ки нишони эҳтиром ва арҷгузорӣ ба ин фарзанди фарзонаи миллат аст.

Эй кош, бидидаме, ки ман кистаме?
Гар муқбилам, осудаву хуш зистаме.
Саргашта ба олам аз пайи чистаме?
Варна ба ҳазор дида бигристаме!


Бозгашт ба рӯйхат