ҚАЛЪАИ МУҒ

Яке аз нишонаҳои барҷастаи соҳиби таърихи қадима будани миллати тоҷик шаҳрҳо, кӯшку қалъаҳо ва дигар ёдгориҳои меъморӣ ба шумор меравад.
Истаравшани бостонӣ яке аз шаҳрҳои қадимтарини Осиёи Марказӣ буда, таъриху тамаддун, адабу фарҳанги дерина дорад ва тайи асрҳои зиёд дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангии минтақа нақши муассир бозидааст. Номи Истаравшан дар сарчашмаҳои куҳани таърихӣ дар қатори бузургтарин шаҳрҳои минтақаи Осиёи Марказӣ зикр гардидааст.
Яке аз ёдгориҳои бостонӣ – Қалъаи Муғ дар баландие бо номи Муғ дар шаҳри Истаравшан ҷойгир мебошад.
Ин намунаи бузурги мероси куҳани тоҷикон, ки замони бунёди он ба асри панҷуми то милод пайванд дорад, баъдан беҳтарин унсурҳои меъмории миллати қадимаи моро дар бар гирифтааст.
Қалъа дар баландии 1040 метр аз сатҳи баҳр бунёд гардида, масофаи деворҳои он беш аз 600 метр ва майдони умумиаш 6 гектарро дар бар гирифтааст. Баландин деворҳои қалъа дар шарқ 15 метр ва дар ғарб то 64 метр аст. Баъзе боқимондаи иқоматгоҳҳо танҳо дар кунҷи ғарбии Муғ ба назар мерасанд. Ягона даромадгоҳ дар девори ҷанубӣ воқеъ буд. Дар қабати археологии аз ҳама қадимтарини Муғ бозёфтҳои таърихӣ, аз қабили зарфҳои сафолӣ, ҷом, муҳри биринҷӣ ва гайраҳо ёфт шудаанд.
Дар баробари ин, аз бойгонии қалъа беш аз 80 ҳуҷҷат бо забонҳои суғдӣ ва арабиву чинӣ пайдо гардидаанд, ки ҳанӯз ҳам мавриди омӯзиши бостоншиносони ватаниву хориҷӣ қарор доранд.
Бозёфтҳо баёнгари онанд, ки ин кохи муҳташами бостонӣ дар тӯли тамоми таърихи мавҷудияти худ макони волиёну ҳокимони ин қаламрав буда, ҳамин рисолати бузурги таърихиро чи дар аҳди бостон ва чи дар даврони исломӣ ба шоистагӣ иҷро кардааст.
Қалъаи Муғ бо ҳамаи шукӯҳу шаҳомати гузаштааш азнавсозӣ карда шуда, ҳоло ба яке аз маконҳои назаррабо мубаддал гашта, мавзеи тамошои сайёҳону меҳмонони ватаниву хориҷӣ мебошад.


Возврат к списку


СОМОНАҲОИ МУФИД